ҲХДТ пешниҳоди Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро ғайримантиқӣ гуфт
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон пешниҳоди Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломиро дар мавриди даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвият дар ҲХДТ тааҷҷубовар ва ғайримантиқӣ хонд.
Усмон Солеҳов, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мегӯяд, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломи кишвар салоҳият надорад, ки даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвият дар ҲХДТ-ро пешниҳод кунад. Солеҳов афзуд, ки Анҷумани ҲХДТ бо аксари оро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишварро раҳбари худ интихоб намудааст ва даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвияти ин ҳизб ба салоҳияти худи ӯ вобастааст, на ба пешниҳоди кадом як гуруҳ.
Сухангӯи ҲХДТ изҳор дошт, ки аз ин пешниҳоди Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар тааҷҷуб мебошад, чун чӣ гуна як ҳизб пешниҳод мекунад, ки раҳбарияти ҳизби дигар аз симаташ даст кашад.
Солеҳов дар посух ба суол, ки даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвияти ҲХДТ, ки ҳоло ҳамчун ҳизби қавии сиёсии кишвар маҳсуб мешавад, чӣ пайомаде ба ин ҳизб хоҳад дошт, гуфт: “Албатта, дар бисёр маврид обрӯву эътибори як ҳизб ё муассисаю ташкилот ба раҳбари варзидаю муваффақаш вобастагӣ дорад. Яъне ҳатман таъсир мерасонад. Бахусус раҳбари ҳизби мо, ки ин қадар хидматҳое кардааст.”
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо пахши як баёния мавқеи ин ҳизбро нисбат ба раванд ва натоиҷи интихоботи президентии 6 ноябр эълон кард. Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо зери бори танқид қарор додани ҳукумати кишвар ва надоштани иродаи сиёсӣ барои интихоботи шаффоф гуфт, ки ин ҳукумат боварии мардумро алакай аз даст додааст. Вале ин шӯро изҳор дошт, ки бо вуҷуди ин ҳукумати нав ҳанӯз фурсат дорад барои ба даст овардани эътимоди мардум ва дар ин бора чанд тавсияҳое низ, аз ҷумла даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз узвияти ҲХДТ-ро ироа карда буд.