АКС: Омодагиҳо барои савгандхӯрии Раҳмон дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе барои маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр насби парчамҳо ва тоза намудани гирду атроф бо суръат идома дорад. Яке аз фурушандагони мағозаҳои маркази шаҳр дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ки аз ҳукумати шаҳр дар ҳар як чорабинии муҳим дастур медиҳанд, ки дар назди мағозаҳо парчам насб кунанд: “Парчамҳоро аз ҳисоби худ харида, насб мекунем. Агар накунем боз чанд маротиба омада гаранг мекунанд.”
Маросими савгандёдкунӣ, 16-уми ноябр, бо ҷалби донишҷӯён дар назар буда, тавссути шабакаҳои телевизионии давлатӣ мустақиман пахш мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Тоҷикистон савганд ёд карда, баъд аз он дар майдони марказии “Дӯстӣ” гузашти ҳарбиро назорат хоҳад кард.
Вобаста ба ин фардо, 16-уми ноябр, аз соати 6:00 ҳаракати мошинҳо дар маркази Душанбе маҳдуд шуда, таваққуфи онҳо дар маркази пойтахт манъ шудааст.