Украина ба МҚҶ-2014 наздиктар шуд
Тими миллии Украина дар бозии иловагии Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (МҚҶ)-2014 оид ба футбол яккачини Фаронсаро мағлуб кард.
Ин бозӣ дар шаҳри Киев баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 61-ум Роман Зозуля боз кард. Голи дуюмро дар дақиқаи 83-юм Андрей Ярмоленко зад.
Шоми дирӯз, 15 ноябр боз чанд бозии иловагӣ барои роҳ ёфтан ба МҚҶ-2014 баргузор шуд. Мунтахаби Юнон бо ҳисоби 3:1 Руминияро шикаст дод. Яккачини Португалия ба дарвозаи Шветсия як голи беҷавоб зад. Бозии Исландия ва Хорватия мусовӣ-0:0 анҷом ёфт.
Бозиҳои ҷавобӣ 19 ва 20 ноябр баргузор мешаванд.