Куштори як тоҷик аз сӯи Нерӯҳои таъиноти махсуси Русия
Дар пайи як амалиёти Неруҳои таъиноти махсуси Русия дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст.
Мақомоти қудратии Русия мегӯянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Гурухи “Ҷамоати Махачқалъа” муттаҳам мешавад. Неруҳои таъиноти махсуси Русия шоми 15 ба 16 ноябри соли ҷорӣ ба хотири боздошти Дмитрий Соколов, ҳамсари зане, ки дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар Волгаград айбдор аст, амалиёти вижаеро дар деҳаи Самандари шаҳри Махачқалъа анҷом додаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар рафти амалиёт Соколов аз таслим шудан сарпечӣ кардааст, ки дар натиҷа миёни неруҳои таъиноти махсуси Русия ва ин сокини Доғистон задухурди мусаллаҳона ба миён омад. Ба гуфтаи онҳо, дар пайи ин задухурд Соколов ва чанд тан аз ҳамсафони ӯ, аз ҷумла як табаи тоҷик, ки узви “Ҷамоати Махачқалъа” мебошанд, кушта шуданд.
Неруҳои амниятии Русия гуфтаанд, чанд соати қабл аз оғози амалиёт бо Соколов тамоси телефонӣ доштаанд, ки ӯ масъулияти бомгузорӣ дар Волгаградро ба зимма гирифтааст. Соколов гуфтааст, маводи таркандае, ки бо он автобуси мусофирбар дар шаҳри Волгаград тарконида шуд, ӯ бо дастони худ омада карда буд.
Авохири моҳи октбяри соли ҷорӣ бар асари бомгузорӣ дар шаҳри Волгогради Русия як автобуси мусофирбар тарконида мешавад, ки мунҷар ба ҳалокати 6 нафар шуда, 33 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти қудратии Русия дар ин ҳамлаи интиҳорӣ Наида Асиялова, сокини Махачқалъаро гумонбари аслӣ донистанд.
Пулиси Русия шиносномаи ин хонуми маргталабро, ки гӯиё аз макони ҳодиса ёфт шудаву дар акс бо рӯсарӣ омадааст, дар хитмати ВАО мегузорад. Вале баъд аз вокунишҳои зиёди корбарони интернет дар мавриди сохта будани ин шиносна, онҳо шиносномаи дигареро боз тариқи ВАО паҳн мекунанд, ки Асиялова дар акси он бидуни рӯсарӣ аст. Чун бар асоси қонунгузории Русия бо рӯсарӣ акс гирифтан барои шиноснома манъ мебошад.
Бояд гуфт, баъд аз паҳн шудани шиносномаи аввалӣ, ки дар он хонуми доғистонӣ рӯсарӣ ба бар дорад, дар қаламрави Волгоград як навъ “маърака зиддиисломӣ” оғоз шудааст. Расонаи Islam-Today менависад, шоми 24 октябр як гуруҳи афроди нишонос ба яке аз масоҷиди шаҳри Волгоград ҳамла карда, мехостанд, онро оташ зананд. Инчунин манзили зисти яке аз сокинони тозамусулмонро зери коми оташ қарор додаанд.
Дар ҷои дигар ин торнамо навиштааст, ки рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ кормандони пулиси БДА-и шаҳри Воронеж автобуси мусофирбари рақами 80 ин минтақаро дар роҳ иҷбора боз дошта, аз дохили он як духтари рӯсарипӯши русро боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохили интиқол медиҳанд. Вале баъд аз бозрасӣ муайян мешавад, ки ин духтараки 22-солаи рус сокини шаҳри Маскав буда, ба аёдати хешонашон ба шаҳри Воронеж омадааст ва бо худ ҳеч гуна маводи зараровар надорад. Аз сӯи дигар дар бархе аз донишгоҳҳои ин кишвар пешниҳод карда шуд, ки пушидани рӯсарӣ ба донишомӯзони мусулмон комилан бояд манъ карда шавад. Ҳатто дар бархе аз маҳфилҳо низ духтарон бо пушидани либосҳои исломию рӯсарӣ ва камарбанди интиҳорӣ рӯи саҳна мешаванд.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)