Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов озими Тошканд мешавад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Тошканд сафар мекунад.
Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон зимни ҷаласаи утоқи вазирони туркман дар Ашқобод дар ин бора хабар додааст. Мередов гуфтааст, қарор аст, аз 24 то 26 ноябри соли ҷорӣ Қурбонгули Бердимуҳаммадов як сафари расмиеро ба Узбакистон анҷом диҳад.
Манбаъ мегӯяд, интизор меравад, дар ин сафари раисиҷумҳури Туркманистон ба Тошканд, гуфтушунидҳо миёни сарони ду кишвар баргузор шавад. Дар ин сафар масоили дурнамои равобити дуҷониба ба баррасӣ гирифта шавад.