Рейтинг: Тоҷикистон 7 зина боло рафт
Дар рейтинги нави байналмилалии футзал тими миллии Тоҷикистон бо 956 имтиёз дар мақоми 54-ум қарор дорад. Дар қиёс ба раддабандии соли сипаришуда мунтахаби Тоҷикистон 7 зина боло рафтааст.
Дар мақоми аввали рейтинги ҷаҳонии футзал Испания (1973 имтиёз) қарор дорад. Ҷои дуюм насиби Бразилия (1972) ва зинаи сеюм насиби Италия (1755) аст. Русия бо 1738 хол дар ҷои 4 ва Португалия бо 1632 имтиёз дар зинаи панҷуманд.
Яккачини футзали Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ё СНГ дар зинаи 10-ум аст. Дар рейтинги қораи Осиё бошад, дар ҷои 11-ум. Дар ҷои аввал Эрон (1576), баъдан Ҷопон (1379), Тайланд (1343), Узбакистон (1248), Австралия (1243) ва Чин (1077).
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Тошканд даври интихобии мусобиқоти Осиё оид ба футзал баргузор шуд. Дар бозии аввал бозигарони тоҷик бо ҳисоби 8:4 тими Қирғизистонро мағлуб карданд. Даври дуюм бо ҳисоби 4:5 ба нафъи Узбакистон буд. Дар дидори сеюм мунтахаби Тоҷикистон яккачини Туркманистонро бо ҳисоби 5:4 мағлуб кард. Ба ин тартиб тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар гуруҳи “А” ҷои дуюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат ба даври финалии мусобиқот шуд, ки соли оянда дар Ветнам баргузор мегардад.