баргард
чоп кардан
75-солагии Бозор Собир: Аз шоири саркаш то вассофи президент
Абдулазизи Восеъ
Бозор Собир зодрӯз дорад. 75 солагии шоире, ки се соли пеш одитарин толор дар Ватан барояш дастнорас буд, дар Театри опера ва балет таҷлил хоҳад шуд.
Низом Қосим
, вакили парлумон ва яке аз дӯстони наздики Бозор Собир ба “Озодагон” гуфт, 75-солагии шоирро шоми 22 ноябр дар толори Театри опера ва балети ба номи Устод Садриддин Айнӣ бо баргузории маҳфили шеъри ӯ ҷашн мегиранд. Ин маҳфил ба гуфтаи вай бо ҳузури дӯстон ва ҳаводорони шеъри Бозор хоксорона таҷлил мешавад. Худи
Бозор Собир
дар мавриди ҷашни зодрӯзаш мегӯяд, васеъ ҷашн гирифтани он барояш ҳеч аҳамияте надорад.
Бозор Собир баъди 19 соли ғурбат 27 майи соли 2013 бо даъвати
Эмомалӣ Раҳмон
барои ҳамешагӣ ба Ватан омад. Шоири маъруфи тоҷик, ки охирҳои солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадуми асри гузашта дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд. Дар оғози соли 1993 вақте ҷонибдорони Фронти халқӣ сари қудрат омаданд, шоир зиндонӣ шуд ва нуҳ моҳро пушти панҷара сипарӣ кард. Гуфта мешавад, дар озод кардани ӯ нақши созмонҳои байналмилалӣ ва рӯшанфикрони Русия муассир будааст. Баъди раҳоӣ шоир чанд муддат дар Маскав буд ва аз он ҷо ба Амрико рафт.
Солҳои аввали ҳиҷрат гуфта мешуд зиндагии шоир хуб нест. Бардошти аксарият аз як шеъри ӯ буд, ки мегуфт, фарзандаш сураткаши хубест, аммо намедонад аксҳои кашидаашро куҷо овезад, зеро деворе надоранд, хонабардӯшанд. Дар чанд матлаби он солҳо дар матбуоти тоҷик нашркардаи Бозор ҳам айни ҳол тасвир мешуд, аммо чанд сол баъдтар мужда расид, ки шоир дар як донишгоҳ ба амрикоиён забони тоҷикӣ меомӯзад.
Муддати дар Амрико будан, ду маротиба Тоҷикистон омад. Аввалин маротиба соли 2004 ва бори дуюм соли 2010. Дафъаи аввал ба баргузории як маҳфили назм ҳам муваффақ шуд. Ин маҳфил дар толори Иттифоқи нависандагон ҳудуди 4 соат идома кард ва лаболаб аз ташнагони шеъри Бозор буд. Бори дуюм соли 2010 омад, аммо натавонист маҳфили шеър орояд, зеро ба қавли ҳолдонҳо дар пайдо кардани толор мушкил пеш омадааст.
Бозгашти доимии ӯ дар остонаи интихоботи президентӣ иттифоқ афтод ва баҳсҳоеро низ дар маҳофили мухталиф ба бор овард. Бархеҳо гуфтанд, ӯро ҳукумат барои он овард, то алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ истифода кунад. Бозор Собир қаблан изҳор дошта буд, ки барои Тоҷикистон ҲНИТ лозим нест. Баъзеҳо ба ӯ тамғаи “фурухташуда”-ро заданд. Далели онҳо ин буд, ки шоир дар шеър ва матлабҳо ҳамеша аз вазъи имрӯз интиқод мекард, аммо баъди баргаштан ба тавсиф пардохт. Онҳо мегуфтанд, беҳтар буд шоир аз Амрико барнамегашт ва эътиқоди бисёре аз ҳаводоронашро аз даст намедод. Аммо гуруҳе низ ҳастанд, ки мегӯянд, шоир аз ғурбат хаста шуд ва мехост дар Ватан бошад, аз ин рӯ пешниҳоди президент дар бораи баргаштанро зуд пазируфт. Зимнан, баъди омадан ӯро раиси ҷумҳур ба ҳузур пазируфт. Дар пайи ин дидор, мақомоти Душанбе барои Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе як манзил ҳадя карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам, ки тӯли тақрибан бист сол аз овардани номи Бозор Собир худдорӣ мекарданд, якбора ба таблиғ ва намоиши ӯву таронаҳояш пардохтанд. Бозор Собир дар чанд сафари қабл аз интихобот Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ кард. Ахиран, як шеъри ӯро дар васфи президент рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр кард, ки дар он Раҳмонро бастакори нақбҳои Анзоб, Шаршару Чормағзак ва неругоҳҳои Роғун тавсиф мекунад.
Бозор Собир аз камтарин шоирони замони муосири тољик дониста мешавад, ки дар шеър муваффақ шудааст. Шеърҳои ӯ вижагии хос дошта ба дили мардум хело наздик гуфта шудаанд. Дар таърихи Тоҷикистон Бозор Собир ягона намояндаи мардумист, ки аз ваколаташ даст кашид. Ӯ ҳамчунин дар қатори камтарин шоирони шӯравист, ки сиёсати онро таблиғ накардааст. Аммо замони дар Амрико будан ва ҳам имрӯзҳо аз Шӯравӣ ва Ленин ба некӣ ёд мекунаду чанд шеър низ дар васфи ӯ сурудааст.
Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори ӯ аст.
Дар 19 соли ахир дӯстону ҳаводорон ва мухлисони ашъори Бозор зодрӯзи ӯро бе ҳузури вай таҷлил мекарданд. Аммо имсол шоир дар Ватан аст.
Мавлуд муборак, Бозор Собири шоир!