Тоҷикистонро дар «AFC Annual Awards» ду нафар намояндагӣ мекунад
Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ дар маросими бошукуҳи тақдими ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё - «AFC Annual Awards» ширкат мекунанд.
Бино ба иттилои ФФТ, ин маросим сешанбеи 26 ноябр дар Куала-Лумпури Малайзия ба кори худ оғоз намуда, дар ҷараёни он лауретҳои футболи Осиё барои соли 2013 маълум хоҳанд шуд.
Дае-Сунг Ха, бозигари тими «Сеул» ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, Ҷавод Некуном, бозигари клуби «Истиқлол» ва яккачини Эрон, Чжен Чжи, нимҳимоятгари «Гуанҷоу Эвергранд» ва тими миллии Чин муддаии ҷоизаи «Беҳтарин футболбоз»-и соли 2013»-и Осиёянд.
Барои унвони «Беҳтарин футболбози Осиё», ки дар дигар минтақаҳо бозӣ мекунад, Кейсук Хондаи ҷопонӣ (ССКА, Маскав), Юто Нагатомо, ҳимоятгари «Интер»-и Италия ва Сон Хен Мин, ҳамлагари тими «Байер»-и Олмон талош меварзанд.
Дар ин маросим ҳамчунин ғолибони дигар номгӯҳо, аз қабили «Беҳтарин бозигари ҷавон», «Беҳтарин бозигари футзал», «Беҳтарин бонуи футболбоз», «Беҳтарин довар», «Беҳтарин тренер, «Беҳтарин тими миллӣ» ва ғайра эълон мегардад.