Чолов дар Душанбе пиёдагардро пахш карда, фирор намудааст
Панҷшер Чолов, сокини шаҳри Кӯлоб, шоми 23-юми ноябр, дар шаҳри Душанбе пиёдагардеро пахш намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ нозирони роҳ дар пайи як амалиёт ӯро боздошт карда, муайян намудаанд, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Чолов дар ҳолати мастӣ будани худро дар наворе, ки нозирони роҳ сабт кардаанд, иқрор намудааст. Ба иттилои манбаи "Озодагон" Панҷшер Чолов бо мошини тамғаи «Лексус», рангаш сафед бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, як сокини пиёдагарди шаҳри Душанберо пахш намудааст. Ба иттилои мақомот ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, Панҷшер аз хонаводаи маъруфи Чоловҳои шаҳри Кӯлоб аст, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз сернуфузтаринҳо маҳсуб меёфтанд. Чоловҳо-даҳ бародарон, аз ҷумлаи қумандонҳоеянд, ки баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул шудаанд. Айни ҳол ҳамоми назди бозори Султони Кабир ва маркази тиҷоратии Панҷшер дар бозори Саховат ба Чоловҳо мансуб дониста мешавад.