ШБКСВ ХНДБКССК ҲҶТ. Нафаҳмидед? Видеоро бубинед!
Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ёд кардани савганди садоқат, чорумин даври раёсаташро ба ҳайси президент аз такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон шурӯъ кард. Дар пайи ин такмилҳо номи чанд вазорату идораҳо тағйир хӯрд, ваколати баъзе ба баъзеи дигар гузашт ва чанде ҳам барҳам дода шуд. Мо ҳам аз ҳамин мавзӯъ мегӯем. ВАЗОРАТҲО 1.Ба Вазорати маориф калимаи “илм” часпонда шуд. Маорифчиён то ин вақт илм намеомӯхтаанд-чӣ? Шояд акнун ба андӯхтани илм шурӯъ мекунанд? Воқеан, вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳо бароварда ва ба Вазорати мазкур вогузор мешавад. Аҷиб аст, ки аз ин баъд Академияи илмҳо чӣ кор мекунад? VIDEO
2. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистонро барҳам доданд. Шояд билохира дарк шуд, ки ин ниҳод фаъолияти муассире надошту миссияи онро ҳамеша президент иҷро мекард. Масалан, соли оби тоза эълон шудани соли 2003, амалиёти об барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015, конфронси байналмилалии об дар соли 2013 пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон буд. Ва ҳам чанд соли ахир олимону донишмандон аз гармшавии босуръати ҳаво, обшавии пиряхҳо ва коҳиши оби рудхонаҳо бонги изтироб мезананд. Шояд тасмим ин шуд, ки дар чунин шароит ниёзе ба чунин ниҳод набошад. Кӣ медонад, баъди 7 сол шояд ин вазорат баргардад, аммо бо номи тамоман дигар. Ба гунаи мисол, Вазорати ҳифз ва нигаҳдории сангу куҳҳо ё Вазорати хок ва захоири қумреза... 3. Вазорати энергетика ва саноат Вазорати энергетика ва захираҳои об шуд. Акнун ки об пеши энергетика омад, умед мебандем, ки солҳои наздик мушкили бебарқӣ ҳал шуда, “Барқи тоҷик” никоҳаш бо лимит бекор ва онро “талоқ” медиҳад. 4. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мантиқи тақдими планшетҳои зиёд ба ҷавононро нав дарк кардам. Он як давраи омодагӣ ба рушди технологияҳои нав будааст. Шояд акнун арзиши “айфон”-у “айпад” ҳам дар бозорҳо ба як тини пучак баробар мешавад. 5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номашро ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иваз кард. Акнун муҳоҷират худӣ шуд. Мардум ҳақ надоранд гӯянд, ки барояшон дар ватан ҷои кор пайдо кунанд. Вазорат дорем дигар. Шояд ҳам ин ниҳод дурнамои муҳоҷирати корӣ барои солҳои 2014-3899-ро таҳия мекунад, ки муҳоҷирати тоҷикон ба Сомалӣ, Кения ва Зимбабверо дар назар дорад. КУМИТАҲО 1.Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон. Тоҷикистон “Таёта”-ву “БМВ”-ю “Мерседес” намесозад, хатто дучарха ҳам. Аммо замин месозад. Узр, месохт. То вақте ки президенти тозаинтихоб дар мавриди тағири номи ин ниҳод фармон набаровард. Дар амри раиси ҷумҳур калимаи заминсозӣ ба ибораи идораи замин иваз шуд, ки мантиқан дуруст ҳам ҳаст. Ҳинду Покистон, Арманистону Озарбойҷон барои замин дар ҷанг, аммо дар мо замин месохтаанд. Агар ин ниҳод чунин ҳунар дошт, пас чаро замин сохта ба кишварҳои ба он ниёзманд, назири Хитой нафурӯхт ё ҳади аққал бар ивази қарзҳоямон туҳфа накард? Шояд барои ҳамин ноуҳдабароӣ статуси заминсозиро аз он гирифтаву танҳо мақоми идораи заминаш додаанд. Вақти номи баъзе ниҳодҳоро ба забон овардан, ба таври автоматӣ 366 паҳлуи он пеши назар чарх мезанад. 2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон. 3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шояд аз як тараф ин ном барои сохтори мазкур мантиқӣ ҳам бошад – андоз, яъне пулро андоз. Ба киса ё ба хазина инаш мавзӯи дигар аст. 4. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 5. Суди олӣ. Дар забони тоҷикӣ суд ба маънии фоида истифода мешавад. Бо такя ба ин мантиқ мо Фоидаи олӣ дар рӯ ба рӯи Сирк, шаҳрӣ ва иқтисодӣ дорем...Ва як каме дар бораи биноҳо. Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҳалқаи шоирону нависандаҳост. Вазорати фарҳанг бошад, ба қавле “худашу сари қоқаш”. Номи мубораки баъзе мақомоти давлатиро намешавад бидуни шикаст гирифт, зеро дамат ба дарун меафтад, он қадар дуру дарозанд, ки... 1. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ниҳод қаблан Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошт. Дар тоҷикӣ мисли русӣ дар радио ва телевизион кӯтоҳ кардани номи вазорату идораҳо ҷоиз нест. Махсусан дар шабакаҳои давлатӣ наттоқ маҷбур аст номи расмии ниҳодро пурра ба забон биёрад. Масалан аз эфири радио ва телевизион ба ҷои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ККДТАҶММ ҲҶТ намегӯянд. Ё ХНДБКССК ҲҶТ. Нафаҳмидед? Агар шумо ҳам мехондед, ман намефаҳмидам чӣ мехоҳед. Аммо ин номи кӯтоҳшудаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тасаввур кунед, агар номи раёсат ё шӯъбаи ин ниҳодҳоро, ки ҳамчунон дуру дарозанд ба забон биёред. Тақрибан чунин мешавад, шӯъбаи бехатарии корҳо дар саноати миёна ва вазнини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шояд чунин шӯъба дар хадамоти мазкур вуҷуд надорад. Он барои мисол оварда шудааст) ё ШБКСМВ ХНДБКССК ҲҶТ Гап зиёд аст, аммо вақт кам, аз суи дигар мегӯянд, кам бошаду хуб бошад. Шояд ин ками мо хуб ҳам набуд, қазоват аз шумост ва агар бо он розӣ нестед зери навор бинависед. Ҳоло то фурсати дигар Хайр! Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)