Тоҷики 22-сола дар Ленинград аз ошёнаи 6-ум ғалтидаст
Як ҷавони 22-солаи тоҷик дар шаҳри Николски ноҳияи Тосненски вилояти Ленинград аз ошёнаи 6-уми бинои навбунёд ғалтида, фавтидааст.
Тибқи иттилои раёсати тафтишотии вилояти Ленинград ҷавони тоҷик дар ошёнаи 6-ум ба айвони бетонӣ хиштҳоро холӣ мекардааст, ки аз вазни бор майдони бетонӣ хароб шуда, рехтааст. Дар натиҷа ҷавони тоҷик ғалтида дар ҷои ҳодиса фавтидааст.
Ба иттилои Раёсати тафтишотии вилояти Ленинград айни ҳол ҷузъиёти фавти ин ҷавони 22-сола таҳқиқ мешаванд.