"Насиҳат"-и ТВ-ҳо... баъд аз "ҷанг"-и Гулнора бо модараш
Телевизиони давлатии Узбакистон пас аз он ки Гулнора Каримова, духтари бузурги президент Ислом Каримов дар интернет модарашро танқид кард, аз кӯдакон даъват кардааст, волидони худро эҳтиром намудаву бо онҳо пархош накунанд.
Бино ба иттилои Бӣ-Бӣ-Сӣ, 25 ноябр барномаи “Роҳ ба сӯи ҳақиқат”-и шабакаи “Узбакистон” ба бинандаҳои худ ҳушдор додааст, ки ба маълумоти “тасдиқнашуда” ва “таҳвиномез”-е, ки дар интернет ё расонаҳои хориҷӣ нашр мешавад, дода нашаванд.
Нашри ин барнома ва даъват барои эҳтироми волидон дар ҳолест, ки ахиран Гулнора Каримова дар саҳифаи “Twitter”-и худ чандин маротиба модар ва дигар мансабдорони хадамоти амниятии Узбакистонро зери тозиёнаи танқид гирифт. Ба иттилои манбаъ, дар барномаи 20-дақиқаӣ ҳамеша таъкид шудааст, ки бо волидони худ низоъ кардан “сахтарин гуноҳ” аст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)