“Лимит” дар Тоҷикистон 850 корхонаро бекор гузоштааст
Бонки ҷаҳонӣ ҳисоб кардааст, ки ҳамасола дар пайи ҷорӣ намудани лимит дар навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 850 корхонаи хурду миёна аз фаъолият мемонанд.
Ба ҳисоби ин ниҳоди молоиявӣ дар пайи ҷорӣ намудани маҳдудият ё худ лимити барқ, иқтисодиёти Тоҷикистон дар фасли зимистон беш аз 200 миллион доллари амрикоиро аз даст медиҳад.
Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, маҳдудияти барқ ба 70 дарсади сокинони Тоҷикистон дахл карда, дар ҳаёти рӯзмарраашон мушкилӣ эҷод мекунад.
Ширкати “Барқи тоҷик” соли равон барои сарфаи обу энержӣ реҷаи маҳдудияти барқ ё худ лимитро ҳанӯз 26-уми октябр ҷорӣ намуда, баъдтар онро шадидтар намуд. Айни ҳол мардуми навоҳии кишвар аз соати 5-00 то 9-00-и субҳ ва аз соати 17:00 то 22:00-и шаб барқ мегиранду халос. Ширкат таъкид мекунад, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)