Мудири маориф: “Ман ба фигура не, ба сару либоси муаллима эрод гирифтам”
Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисии ин ноҳияро дар мавриди паст задани шаъну шарафаш дар назди ҳамкорон беасос хонд.
Ҷаноби Насов имрӯз, 2-юми декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, «ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду руймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсинамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.
Қаблан Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисӣ дар Интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони бепарастори ноҳияи Ёвон, шикоят кард, ки Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия, ба шахсияти ӯ дахл карда, шаъну шарафашро дар назди ҳамкоронаш паст задааст. Ҳаётова 29 ноябр ба “Озодагон” тамос гирифт ва гуфт, чанде қабл омӯзгоронро аз тамоми нуқоти Ёвон барои интихоби ҳакамони олимпиадаи ноҳиявӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия даъват карданд. “Мудири шуъбаи маориф ҳамаро номбар карда, ҳузурашонро қайд намуд. Чун навбати ман расид, бо истеҳзо гуфт, симои зоҳирият барои муаллимаи забони англисӣ мувофиқ нест. “Ҳамин ту англисиро медонӣ? Фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай. Намезебад гуфт”,-афзуд Ҳаётова.
Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, худро хеле нороҳат эҳсос кард ва баъд аз ин ҷамъомад рост ба мақомоти додситонӣ рафт, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад: “Мудири маориф чӣ ҳақ дорад, ки маро дар миёни кормондони маорифи ноҳия паст занад? Маро Худо ҳамин хел офаридааст ва ман шукрона мекунам.” Ин омӯзгор мегӯяд, дар додситонӣ ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад: “Мудири маориф вақте фаҳмид, ки ба мақомот муроҷиат кардаам, ба ҷои он ки узр пурсад, талаб намуд, аризаамро гирам”.
Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, то мудири маориф аз ӯ дар ҳузури омӯзгорони ноҳия маъзаратхоҳӣ накунад, аз даъвояш нахоҳад гашт. Ҳаётова илова намуд, 11 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ва шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд.
Дар ҳамин ҳол Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия мегӯяд, гуфтаҳои ин омӯзгор бофтаанд ва воқеият надоранд.