Барканорӣ барои "облава" ва латту кӯби Абдумалик
Вазорати дифои Тоҷикистон дастури ахири Шералӣ Хайруллоев, собиқ раҳбари ин ниҳодро дар мавриди таҳқиқи қазияи латту кӯби Абдумалики маъюб иҷро карда, бархе аз дастандаркоронро муҷозот намудааст.
Ин ҷавони 22-солаи тоҷик аз сӯи кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми даъвати маҷбурӣ ё “облава” мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта буд. Абдурасул Сатторов, падари Абдумалик, рӯзи 3 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ду корманди худро, ки дар латту кӯби писараш даст доштаанд, аз кор озод кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли ӯ, “ҳамлагорон”-и писараш 6 нафар будаанд: “Намедонам, чаро ду нафар муҷозот шудааст, ки писари маро 6 кас зери зарбу шатта қарор дода буданд.”
Инчунин, Сатторов илова кард, комисариати ҳарбии мазкур тамоми маблағҳои писараш -- 300 доллари амрикоӣ ва 150 сомониро, ки ҳангоми “облава” аз сӯи кормандони ин ниҳод аз ҷайбаш ғайб зада буданд, баргардонида, аз ӯ хостааст, ки аз даъвояш гузарад. Вале падари Абдумалик мегӯяд, ӯ ин хоҳиши комиссариатро рад кардааст: “Агар имрӯз ман аз даъвоям гузараму дастандаркорон бе муҷозот монанд, фардо онҳо писари дигар касро боз латту кӯб мекунанд.”Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)