Ҳукумат бунёди бинои 24-ошёнаро аз ҷониби чиниҳо рад кард
Шаҳрдории Душанбе хабари бунёд ёфтани бинои истиқоматии 24-ошёна аз сӯи як ширкати чинии "Дунфан" дар маркази пойтахтро рад кард.
Ба иттилои шаҳрдорӣ хабари қомат афрохтани биноҳои 24 - ошёна дар маркази пойтахт дурӯғ буда, то ҳол чунин сохтмон бо ягон намояндагони расмии ҳокимияти шаҳр ва раёсати меъмории Душанбе мувофиқа нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки расонаи хабарии чинии “ChinaPRO.ru” ахиран аз бунёд ёфтани як бинои истиқоматии 24-ошёна дар маркази шаҳри Душанбе аз сӯи як ширкати сохтмонии чинӣ хабар дода буд.
Ин расона гуфт, ширкати чинии "Дунфан" дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматиро бардӯш гирифтааст, ки 82 метр баландӣ дошта, нахустин бинои истиқоматии 24 ошёна дар Душанбе хоҳад буд.
Дар шаҳри Душанбе аз ҳама баландтарин биноҳои истиқоматӣ 16 ошёна буда, аз ҳама бинои баланди пойтахт “Душанбе плаза” маҳсуб мешавад. Ин бино дорои 20 ошёна буда, баландияш то 92 метр мерасад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)