Тревор Мур аз Тоҷикистон меравад
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон мӯҳлати кори дипломатиашро анҷом дода ба ватанаш бозпас мегардад.
Аз қароргоҳи ин сафорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки Робин Ҷереми Орд-Смит ба ҳайси сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин гардид ва ӯ ҷаноби Тревор Чарлз Мурро, ки барои хизмат ба хадамоти дипломатии кишвар бармегардад, дар ин вазифа иваз хоҳад кард. Ҷаноби Робин Орд-Смит соли 1989 фаъолияти хешро дар Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оғоз намуд ва дар тӯли фаъолият дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он, аз ҷумла, Ҷопон, Малайзия, Руминия ва Алжир хизмат намудааст. Ҷаноби Робин Орд-Смит ҳамчунин дар сохтори хусусӣ ба ҳайси менеҷер оид ба маркетинг дар ширкати «BAE SYSTEMS» дар Ҷопон, дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва то рӯзҳои наздик дар Қасри Букингем, ҳамчун ёвари шоҳзода- Герсоги Йорк хизмат кардааст.
Манба афзуд, ҳоло Робин Орд-Смит ба ҳайси директори раёсати Британияи Кабир оид ба савдо ва сармоягузорӣ дар Ироқ хизмат мекунад. Ӯ бо Таня Орд-Смит, зодаи Валлис хонадор аст. Онҳо соҳиби ду писар мебошанд. Оид ба ин таъинот ҷаноби Орд-Смит изҳор намуд, ки «Ман ҳам шарафманд ва ҳам хурсандам, ки намояндагии маликаи Британияи Кабирро дар Тоҷикистон муаррифӣ менамоям. Ман кӯшиш мекунам, ки дастовардҳои ҷаноби Тревор Мурро таҳким бахшида, рушди минбаъдаи Британияи Кабир, субот ва васеъ гаштани манфиатҳои сиёсии барои ҳарду ҷониб муфидро идома диҳам».Тибқи нақша ҷаноби Орд Смит моҳи марти соли 2012 ба Тоҷикистон меояд. {jathumbnail off}