Ғайб задани ду сарбози тоҷик дар ноҳияи Шӯрообод
Мақомоти пулис дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ду сарбози тоҷикро ҷустуҷӯ доранд, ки шаби гузашта (12 декабр) аз қисми ҳарбияшон ғайб задаанд.
Манбаи “Озодагон” мегӯяд, шаби 12 декабр маълум шудааст, ки аз қисми ҳарбии раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, аз наздикии сарҳад бо Афғонистон ду аскарбача ғайб задаанд. Манбаъ афзуд, айни ҳол омилони ғайб задани аскарбачаҳо маълум набуда, чорабиниҳо барои пайдо кардани онҳо идома доранд.
Дар ҳамин ҳол, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи раёсати марзбонии Кумитаи амният дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз гумшавии аскарбачаҳо хабар надоранд. Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, низ дар суҳбат бо “Озодагон” аз ғайб задани сарбозон изҳори бехабарӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки ҳаводиси гаравгонгирии одамон дар ноҳияи Шӯрообод аз тарафи қочоқчиёни афғон зиёд сар мезанад ва маълум нест, ин сарбозон гурехтаанд ва ё ба доми қочоқчиён афтодаанд.