Сухани охирини Зайд Саидов аз забони вакилони дифояш (ВИДЕО)
Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, рӯзи 13 декабр бо баргузории нишасти хабарӣ чанд банди аслии сухани ниҳоии нафари таҳти ҳимояташ дар додгоҳро эълон дошт. Зайд Саидов рӯзи 11 декабр дар додгоҳ 2,5 соат баромади ниҳоӣ карда, ҳамаи иттиҳомоти мақомотро алайҳи худ тӯҳмат номида буд.
Оқои Табаров гуфт, сухани ниҳоии худро Зайд Саидов бо анҷоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд, шурӯъ намудааст. “Зайд Саидов баъд аз интихоб шудани раисиҷумҳури тозаинтихоб ва баргузории маросими адои савганди Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти оянда муваффақият хост. Нафари зерҳимояи мо гуфт, чун президент дар қасамёдкунии худ ваъдаи ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон кард, ҳамакнун ҳалли дуруст ва одилонаи парвандаи худро дар ӯ мебинад”,-афзуд Табаров.
Ба қавли Исҳоқ Табаров, нафари таҳти ҳимояти онҳо дар додгоҳ пиромуни сармоядорияш низ ҳарф задааст. Вай гуфта, ки воқеан шахси сармоядор аст, аммо ҳамаи онро бо азобу заҳматҳои зиёд дар Русия ба даст овардааст. “Баъд аз таклифи раисиҷумҳур оиди баргаштан ба Ватан розӣ шудам, ки бо худ беш аз 20 миллион сармояамро ба кишвар орам. Ҳама сармояашонро ба берун мебаранд, вале ман барои ободии Ватан ба кишвар овардам”,-гуфтааст Зайд Саидов.
Ин соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон дар идома афзудааст, “имрӯз мақомоти тафтишотӣ маро ҳамчун ҷинояткори махсусан хавфнок тавассутти шабакаҳои телевизони давлатӣ, ҳатто телевизиони кӯдаконаи “Баҳористон” намоиш медиҳанд. Ман ҳеч вақт ба Ватан, ба ҳукумати ҷумҳурӣ, президент ва халқам хиёнат накардаам. Ҳамон дороиҳое, ки ба фарзандонам тааллуқ доранд, бо меҳнати ҳалол ба даст омадааст. Агар ин амволи ман ба касе даркор бошад, онро аз ман бигирад.”
Исҳоқ Табаров мегӯяд, Зайд Саидов дар идома ба он ишора кардааст, ки ҳамеша мавқеи марказгароӣ дошт ва тасмими таъсиси “Тоҷикистони нав” низ ба ҷуз ширкат дар интихоботи парлумонӣ ва ба даст овардани чанд курсии Маҷлиси намояндагон чизи дигаре набуд.