Ҳазрати Муҳаммад (с), Исо... ва Раҳмон дар рӯйхати чеҳраҳои таърихӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯйхати чеҳраҳои таърихӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи Кембриҷи Амрико нашр шудааст, дар зинаи 37 ҳазору 853-юм қарор дорад. Ин раддабандӣ дар асоси барномаи махсуси олимон, ки матолиби гуногунро дар бораи чеҳраҳо таҳлил карда, аҳамияти таърихии онҳоро баҳогузорӣ мекунанд, таҳия шудааст.
Тибқи ин раддабандӣ дар сархати чеҳраҳои таърихии ҷаҳон Исои Масеҳ қарор дорад. Дар зинаи дуюм Бонапарт Наполеон ва дар зинаи сеюм Ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари Ислом, қарор гирифтааст. Вилям Шекспир соҳиби зинаи чорум ва Авраам Линколн дар зинаи 5-ум қарор гирифтааст.
Адолф Гитлер дар зинаи ҳафтум ҷо дошта, аз ҳамаи ҳамзамонҳояш, ки алайҳи ӯ ҷанг кардаанд, пеш гузаштааст. Аз хонумон дар садгонаи чеҳраҳои таърихӣ Малика Елизаветаи 1 ва Виктория Жана д'Арк ворид шудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)