Давлатов гуфтааст, аз “Сангтӯда 1” бо “зӯрӣ” андоз намеситонад
Павел Лавров, мудири нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” ва Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон созиш кардаанд, ки нисбати нерӯгоҳ чораҳои маҷбурии ситондани андоз татбиқ нахоҳанд шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Сангтӯда 1” ҷонибҳо ба мувофиқа омадаанд, ки нерӯгоҳ мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда қарзашро дар назди буҷети давлат пардохт хоҳад кард. Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки ҳаҷми пардохтҳо ба буҷет аз маблағе, ки “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” медиҳад, вобаста хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки 75 дарсади саҳмияҳояш моли Русия буда, 15 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, аз қатъи фаъолияташ ҳушдор дод.
Масъулини “Сангтӯда-1” гуфтанд, Кумитаи андози Тоҷикистон 29 ноябр суратҳисобҳои бонкии нерӯгоҳро ҳабс карда, 4 декабр аз ин суратҳисобҳо 52 миллион сомонӣ қарзи андозро ба фоидаи давлат рӯёндааст. Мутасаддиёни нерӯгоҳ мегӯянд, сабаби асосии қарздорияшон дар он аст, ширкати “Барқи тоҷик”, ки харидори инҳисорӣ аст, ҳаққи барқи аз ин нерӯгоҳ гирифтаро саривақт пардохт намекунад. Ба иттилои нерӯгоҳ, ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 декабри соли равон 404 миллион сомониро ташкил медиҳад.