Пешрафти Тоҷикистон дар раддабандии FIFA
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбуол дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол, ки 19-уми декабр нашр шуд, ду зина пеш рафта, дар мақоми 114-ум қарор гирифтааст.
Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15 ва миёни яккачинҳои ҷамоҳири пасошӯравӣ дар зинаи 11-ум нишастааст.
Дар мақоми аввал мисли пешин мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳон ва Аврупо қарор дорад. Олмон дар зинаи ду ва Аргентина дар ҷойи сеюманд. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)