Торнамои РИА Новости масдуд шуд
Имрӯз, 22 декабр дастрасӣ ба сомонаи расмии РИА Новости аз тариқи Google Chrome номумкин шудааст.
Ҳамчунин, тавассути Firefox низ вуруд ба сомонаи ria.ru ғайриимкон аст. Аммо Opera дар боз кардани торнамои РИА Новости мушкил надорад.
Лента.ру навиштааст, ки далели масдуд шудани сомона ба рамзи барномаи сайт марбут аст. Аммо дар РИА Новости гуфтаанд, дар рамзи онҳо унсурҳои зиёновар мавҷуд нест. Интизор меравад, дар фурсатҳои наздик мушкил бартараф гардад.
Ҷои тазаккур аст, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аввалҳои моҳи равон бо судури як фармон Оҷонси иттилоотии РИА Новости ва радиои "Голос Россия"-ро барҳам дод. Бо дастури ҳукумати Русия дар заминаи РИА "Новости" хабаргузории нави байналмилалие бо номи "Россия сегодня" ташкил шудааст, ки раҳбарии онро Дмитрий Киселев, муҷрии барномаҳои "Россия-1" бар ӯҳда дорад.