Kuwait News Agency сӯҳбати Раҳмонро рӯйдоди муҳими 2013 хонд
Оҷонси иттилоотии Кувайт мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири ин кишварро яке аз рӯйдодҳои муҳим ва хотирмони соли 2013 хондааст.
Ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо амири Кувайт дар ҷараёни сафари ӯ ба шаҳри Кувайт охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифта буд. Kuwait News Agancy дар гузориши солонаи худ, овардааст, ки ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт яке аз рӯйдодҳои муҳим маҳсуб мешавад, чун дар ҷараёни он миёни мақомоти болоии ду давлат тавофуқномаҳо ба имзо расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи як сафари расмии дурӯза санаи 23 июни соли 2013 озими Кувайт шуда буд. Дар пайи гуфтушунид ва мулоқоти сарони ду кишвар 5 санад, аз ҷумла “Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ”, “Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар”, “Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”, “Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”, “Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ” ва “Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди Кувайтии Рушди иқтисоди араб” ба имзо расида буд.