Ҳукумати Душанбе аз 1 январ нархи обро боло мебарад
Шаҳрдории Душанбе эълон намуд, ки сар аз 1-уми январи соли 2014-ум нархи об дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 20 дарсад боло меравад.
Ба иттилои манбаъ нархҳои нав бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мувофиқа шуда, аз 1-уми январи соли 2014 сокинони Душанбе, ки ҳисобкунак доранд, барои ҳар метри мукааби оби нӯшокӣ 0,3068 сомонӣ, оби ихроҷӣ 0,1121 сомонӣ ва дар маҷмуъ 0,4169 сомонӣ пардохт мекунанд. Тибқи нархҳои соли 2011-ум муайянгардида, ин нишондод 0,32 сомониро ташкил медод.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, аз сокинони хонаҳои аз 1 то 12 ошёна, ки обҳисобкунак надоранд, дар як моҳ барои оби нӯшокӣ 3,3 сомонӣ, оби ихроҷӣ 1,23 сомонӣ ва ҳамагӣ 4,546 сомонӣ ситонда мешаванд. То ҳол ин нарх баробари 3,5 сомонӣ буд.
Аз сокиноне, ки ҳисобкунак надоранду дар биноҳои баландтар аз 12-ошёна истиқомат доранд, барои оби нӯшокию ихроҷӣ дар як моҳ ба ҷои 4,38 сомонии ҳозира, аз 1-уми январи соли 2014, 5,695 сомонӣ ситонда мешавад.
Сар аз 1-уми январи соли 2014 барои корхонаҳои буҷавӣ нархи як метри мукааби оби нӯшокӣ 0,944 сомонӣ, оби ихроҷӣ 0,4248 ва дар маҷмуъ 1,3688 сомониро ташкил медиҳад. Нархи як метри мукааби оби нӯшокӣ барои корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 2,36 сомонӣ, оби ихроҷӣ -1,239 сомонӣ ва дар маҷмуъ 3,599 сомонӣ муайян шудааст. Ин нишондод то ҳол ба 2,71 сомонӣ баробар буд.
Ба иттилои манбаъ нархи об барои хобгоҳҳои умумӣ ба ҷои 2,9 сомонии ҳозира, 3,77 сомонӣ муайян гардидааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, барои хонаҳои маҳаллие, ки ба коррези шаҳр пайвастаанд, нархи об ба ҷои 2,02 сомонии феълӣ 2,637 сомонӣ муайян гардидааст.