Табрез ба ҷои Теҳрон? Эрон пойтахташро ба куҷо мекӯчонад?
Парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳоди кӯч додани пойтахти кишварро аз Теҳрон ба шаҳри дигар баррасӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар додаанд.
Агар вакилон ин пешниҳодро қабул кунанд, мақомоти Эрон комиссияи вижае таъсис медиҳад, ки давоми ду соли оянда ба интихоби пойтахти нав машғул мешавад.
Пешниҳод дар мавриди ба шаҳри дигар кӯч додани пойтахти Эрон бо далели ба як қатор мушкил, аз қабили афзоиши аҳолӣ, коҳиши фазои экологӣ ва бандмонӣ ё “пробка”- и мошинҳо дар роҳҳои Теҳрон, мувоҷеҳ шудани он ба миён омадааст. Ҳамчунин, Теҳрон яке аз минтақаҳои зилзилахез аст, навиштааст Associated Press.
Аҳолии Теҳрон наздики 12 миллион буда, давоми даҳ соли ахир теъдоди истиқоматкунандаҳо се маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар мавриди шаҳрҳое, ки ба унвони пойтахт метавонанд мавриди назар бошанд, иттилое нест, аммо бархе расонаҳо шонси Табрезро бештар гуфтаанд.