Танҳо 2,5 миллион шаҳрванди Қирғизистон аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъоланд
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон гуфтааст, аз 5,8 миллион шаҳрванди Қирғизистон танҳо 2,5 миллионаш аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъоланд.
Ба иттилои ин ниҳод, 2,3 миллион шаҳрванди Қирғизистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ва мизони бекорӣ 8,5 дар сад будааст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон мегӯяд, ҷойҳои корӣ дар кишвар кофӣ нест ва сифати баъзе корҳоро наметавон сазовор гуфт.