Фавти боз як тоҷики 39-сола дар СИЗО
Як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон 24-уми декабр, дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Петушкини вилояти Владимирови Русия ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои раёсати умури дохилии вилояти Владимир, ин шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон намудани қоидаҳои будубош дар Русия боздошт шуда, интизори ҳукми додгоҳ дар мавриди истирдодаш ба Тоҷикистон буд. Манбаъ мегӯяд, қаблан ин шаҳрванди Тоҷикистон аз вазъи саломатияш шикоят накардааст.
Мақомоти пулиси Русия таъкид мекунад, ки аз рӯи қазияи фавти шаҳрванди Тоҷикистон тафтишот оғоз шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар шуъбаҳои пулиси Русия ба ҳалокат расида буданд.