(ВИДЕО) Зайд Саидов: Бо вуҷуди бегуноҳӣ аз ҳама зиёд 15 соли зиндонро интизор будам
Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон баъди шунидани ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки чунин ҳукми сангинро интизор набуд ва таъкид намудааст, ки “агар ин барои давлат лозим бошад, ман омодаам пушти панҷара монам.”
Дар ин бора вакилони дифои Зайд Саидов, имрӯз, 26-уми декабр, тайи як нишасти хабарӣ баён доштанд. Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов аз қавли зерҳимояаш гуфт "бо вуҷуди бегуноҳӣ интизор доштам ҳадди аксар маро аз 10-15 сол маҳбасӣ мекунанд."
Инчунин вакилони дифои Зайд Саидов таъкид намуданд, ки ба назар менамуд, ҳукми ниҳоии додгоҳ омода набуд, чун ҳукм дар мурофиа пурра қироат нагардид ва танҳо қисмати ниҳоии он хонда шуд. Вакилони дифоъ гуфтанд, давоми 5 рӯз интизори матни пурраи ҳукми додгоҳ мешаванд ва баъд аз ин ба мақомот шикоят хоҳанд кард.
Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони дифои Зайд Саидов таъкид намуданд, ки умуман бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба мустақилияти додраси парванда шубҳа доранд. Онҳо бори дигар сиёсӣ ва супоришӣ будани парвандаро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки баъди бардоштани муҳри махфӣ аз парвандаи зерҳимояашон номи фармоишгари ин парвандаро ифшо мекунанд.
Вакилони дифоъ таъкид намуданд, ки тамоми марҳилаҳои додгоҳии Тоҷикистону байналмилалиро паси сар мекунанд, то бегуноҳии зерҳимояашонро исбот намоянд. Додгоҳи олии Тоҷикистон 25 декабр Зайд Саидовро аз рӯи чор моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.