Владимир Путин сиёсатмадори сол эълон шуд
Беш аз 44 дарсади шаҳрвандони Русия Владимир Путинро сиёсатмадори сол гуфтаанд.
Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум дар пайи назарсанҷие миёни шаҳрвандони Русия талош кардааст, ки сиёсатмадори соли 2013-ро муайян кунад. Дар пайи натиҷагирӣ аз ин назарсанҷӣ маълум шуда, ки ба андешаи бештари пурсидашудаҳо Владимир Путин, президенти ин кишвар сиёсатмадори беҳтарин будааст.
Танҳо 8 дарсад аз Сергей Шойгу, вазири мудофиа ва 7 фисад аз Сергей Лавров, вазири умури хориҷӣ ба унвони сиёсатмадори сол ном бурдаанд.