Видеои наворбардори Озодагон аз рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов
Бо вуҷуди монеагузориҳои мақомот ва боздошту ҳабси Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, як видеои кӯтоҳ аз таҷаммӯи ёрону наздикони Зайд Саидов дар наздикии Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар дасти мо боқӣ мондааст.
Баъд аз зӯҳри 25 декабр, ҳангоме ки Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ҳукми соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон Зайд Саидовро қироат мекард, даҳҳо тан аз ёрону пайвандаони ӯ барои шунидани ҳукм ба назди боздоштгоҳ омада буданд. Дар миёни онҳо чеҳраҳои саршиносе, ба мисли Ойниҳол Бобоназарова, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Барзу Абдураззҳоқов, Маҳмудҷон Қосимов ва дигарон буданд. Аммо мақомот монеи ҳузури онҳо дар назди боздоштгоҳ шуда, ҳатто нагузоштанд хабарнигорон аксу навор бардоранд.
Ҳамон вақт наворбардори “Озодагон” ҳам боздошту латту кӯб шуда, барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳафт рӯз ҳабси маъмурӣ гардид. Танҳо дар пайи пофишориҳои ҷомеаи журналистӣ ва тақозои созмонҳо аз вазири умури дохилӣ ӯ баъд аз ду рӯзи боздошт раҳо гардид.
Ҳоло ин наворе, ки аз рӯзи 25 декабр дар дасти мо боқӣ мондааст, нашр мекунем. Дар ин навор Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, низ дар бораи ҳукми Зайд Саидов ва таҷаммӯи дӯстону наздиконаш ва бархӯрди номуносиби маъмурони пулису амниятӣ изҳори назар кардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)