Sejong-и Куриё баҳори соли 2014 ба Тоҷикистон хоҳад омад
Хабаргузориҳои Куриёи Ҷанубӣ мегӯянд, баҳори соли оянда (2014) дар пойтахти Тоҷикистон намояндагии Донишкадаи Сейҷонги ин кишвар боз хоҳад шуд. Торнамои “Korea.net” бо такя ба манобеи расмии ин кишвар гуфтааст, “марказ ба сокинони пойтахт имкон медиҳад, дар бораи алифбо ва фарҳанги Куриё маълумоти бештар бигиранд.”
Дар баробари Тоҷикистон, баҳори соли 2014, дар Малайзия ва Филиппин низ намояндагии Сейҷонг ифтитоҳ хоҳад шуд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Куриё, дар Тоҷикистон ва Филиппину Малайзия талабот ба забони куриёӣ бештар шудааст. “Аз ин рӯ, кишвари мо ҷоеро барои он нафароне, ки мехоҳанд бештар дар бораи Куриё бидонанд, бунёд мекунад”,-афзудаанд манобеи расмии ин кишвар.
Донишкадаи Шоҳ Сейҷонги Куриёи Ҷанубӣ, ки соли 2012 ташкил шудааст, то кунун дар 52 кишвари ҷаҳон 120 намояндагӣ ё филиали худро дорад. Дар Душанбе то омода шудани бинои донишкада намояндагии он дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷой хоҳад гирифт. Ин донишкада ба номи асосгузори алифбои забони куриёӣ - Шоҳ Сейҷонг гузошта шудааст.