2013: Хуб буд, бобарор ва ё пур аз рӯйдодҳои ғамангез?
Дар ҳоле ки то оғози соли 2014 рӯзҳои башуморе боқӣ мондааст, “Озодагон” тасмим гирифт, дар мавриди чигуна будани соли сипаришаванда барои корбаронаш як назарпурсиеро анҷом диҳад.
Ҳудуди 30 дарсади иштирокдорони ин назарпурсии “Озодагон”, ки шумораи онҳо ба 80 нафар мерасад, бар инанд, ки соли 2013 барояшон пур аз рӯйдод ва ҳодисаҳои ғамангез буд. Дар қисмати дуюм иштирокдороне қарор доранд, ки беш аз 24% (74 нафар)-и назардиҳандагонро ташкил медиҳанд ва ба назари онҳо соли 2013 мисли солҳои пешин мебошад.
Ҳамин теъдод иштирокдорони дигар низ гуфтаанд, соли сипаришаванда соли хубе буд. Беш аз даҳ дарсади назардиҳандагон, ки шумораи онҳо ба 31 нафар мерасад, иброз доштаанд, ки соли 2013 барояшон соли бад ҳаст ва инчунин 10,39%-и иштирокдорон низ гуфтаанд, ин сол барояшон чандон хуб набуд.
Танҳо 5,52 дарсад ё дақиқтараш 17 иштирокчии назарпурсӣ гуфтаанд, ки соли 2013 барои онҳо соли бобарор ва пешрафт мебошад. Дар маҷмуъ, дар ин назарпурсии “Озодагон” 308 нафар аз корбарон иштирок ва назар додаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)