Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт миёни Тоҷикистону Чин
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт миёни Тоҷикистону Чин тариқи гузаргоҳи Қулма маҳдуд шудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз мақомоти марзбонии Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, далели маҳдудият шароити сангини иқлим дар Мурғоб ва гузаргоҳи Қулма мебошад. Манбаъ таъкид намуд, сарфи назар аз имзои созишнома дар бораи ҳаракати бемаҳдуд дар тамоми сол миёни Чину Тоҷикистон, иқлими сангини навоҳии кӯҳистон дар гузаргоҳи Қулма имкон намедиҳад, ин рафтуомад бемаҳдудият таъмин гардад.
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон ва бархе аз кишварҳои дигар ба муносибати таҷлили Соли Нав марзҳояшонро бо Чин бастаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)