Халқ чӣ гуна, ҳоким - намуна? Ё посухи Тӯраҷонзодаҳо ба як савол
Торнамои Тurajon.org, веб-сайти бародарон Тӯраҷонзодаҳо, рӯҳониёни шинохтаи кишвар, мегӯяд, Худованд ҳар миллат ё қавмеро мисли худ раҳбар медиҳад.
Ин торнамои исломии кишвар дар посух ба суоли яке аз корбарнонаш овардааст, “Паёмбар (с) гуфтааст, чи тавре бошед, бар болои Шумо мисли худатон ҳоким меояд.”
Ба навиштаи Тurajon.org, ҳарчанд ин ҳадиси паёмбар (с)-ро бархе аз уламо заиф хондаанд, вале маънои он ҳақиқат мебошад: “Ба сиҳҳати маънои ин ҳадис ояи 129-и Сураи “Анъом”-и Қуръон далолат мекунад, ки Худованд гуфтааст: “Ва ҳамчунин мо бархе ситамкоронро муқобили баъзеи дигар мегузорем, ба сабаби ончи аз аъмоли ношоиста анҷом медоданд.”
Веб-сайти бародарон Тураҷонзодаҳо дар шарҳи ин ояи Қуръон аз қавли Имом Олусӣ иқтибос оварда, афзудааст, “агар раия ва мардум золим бошанд, Худо бар болои онҳо золиме мисли худашонро мусаллат мекунад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)