Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон яккачини клубҳоро шикаст дод
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) нахустин бозии санҷишии худро дар чорчуби омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод-2014 бар нафъи худ анҷом дод.
Ин бозӣ якшанбеи 12 январ дар майдони сунъии варзишгоҳи марказӣ бо яккачини клубҳои Тоҷикистон баргузор шуда, 6:2 ба нафъи мунтахаби ҷавонон анҷом ёфт.
Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 24 январ то 2 феврал дар Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад.