Ҷароҳати Шарифов ва наҷоти 10 миллион дар сӯхтори “Саховат”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, ки шаби 12-уми январ сар задааст, расиши кӯтоҳи ноқилҳо мебошад ва инро шоҳидон низ таъйид кардаанд.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми хомӯшу даргиронии қувваи барқ шарораи аз ноқилҳо ба амал омада, ба болопӯши селофании нуқтаи савдо афтида, сабаби сар задани сӯхтори шадид гардид: “Сӯхтор дар як фурсати кӯтоҳ масоҳати 3028 метри мураббаъро туъмаи оташ гардонид.”
Вазорати умури дохилӣ шаҳрвандон Файзов Валӣ, Файзов Тӯрахон Валиевич, Файзов Зоирхон Валиевич ва Шарифов Шӯҳрат Маҳмадович сокинони шаҳри Кӯлобро аз шоҳидони лаҳзаҳои аввали ҳодиса хонда, афзуд, ки “Файзов Валӣ вақте мебинад, ки аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои қувваи барқ нуқтаи савдо оташ мегирад, ӯ зуд ҷомаашро кашида, ба хомӯш кардани сӯхтор мешитобад ва шаҳрванд Файзов Тӯрахон бошад, бо мақсади хомӯш кардани қувваи барқ, бо асои дар дасташ буда, онҳоро ҷудо карданӣ мешавад. Шаҳрванд Шарифов Шӯҳрат Маҳмадович бошад, дар вақти хомӯш кардани сӯхтор аз бӯи ғализи он беҳуш мегардад ва бо кӯмаки кормандони милитсия зуд ба беморхона дастрас карда мешавад.”
Манбаъ афзуд, ки дар хомӯш кардани ин сӯхтор зиёда аз 1400 нафар ихтиёриён, инчунин кормандони прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Кӯлоб дар маҷмӯъ 2000 нафар иштирок намуданд: “Сӯхтор соати 2-15 дақиқаи шаб хомӯш карда шуда, ба маблағи 10 миллион сомонӣ молу амволи соҳибкорон аз нобудшавӣ наҷот дода шуд.”