Ширкати байнидавлатии радио ва телевизиони “МИР” дар пайи гузориши ахири сафҳаи интернетии “Глоб Спотс”, ки Тоҷикистонро дар сархати кишварҳои ҷоллиб барои сайёҳон дар соли 2014 қарор додааст, бурду бохти соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон ба таҳлил кашидааст.
Аз ҷумла Наталя Платонова, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Русия, ки ахиран аз Тоҷикистон дидан кардааст, дар суҳбат бо хабарнигори “МИР” аз меҳмондӯстии мардум ва манзараи зебои Тоҷикистон истиқбол карда, ба камбудиҳои сайёҳӣ дар кишвар низ ишораҳо кардааст.