Китоби «Мӯъҷизаҳои Қуръон»- тӯҳфа дар моҳи Рамазон
«Мӯъҷизаҳои Қуръон».
Таҳти чунин унвон ахиран дар Душанбе китоби Ҳорун Яҳё ба тоҷикӣ ба нашр расид. Асари мазкурро журналист Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар заминаи омӯзиши адабиёти динӣ ва осори бузургон аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда, пешниҳоди хонандагон намудааст. «Зарурияти таърихӣ ва замонист, ки ҳар фарди тоҷик аз бунёди илмӣ ва робитаи Каломи Шариф, ки олимони ҷаҳон собит мекунад, огаҳӣ пайдо кунад»,-гуфта шудааст дар мундариҷаи китоб.
Сабку услуби содаву самимӣва тарзи оқилонаи пешниҳоди мавод, назари илмӣба масъалаҳои дину илм, ба ҳар хонандаи нуктасанҷу закӣ ҳатман писанд меояд.Далелу бурҳони истифодашуда ба хонанда таасуроти амиқ мегузорад, зеро кулли матолиб бо исботи бебаҳси илмҳои бунёдии муосир асоснок карда шудаанд.
Маврид ба ёдоварист, китоби «Мӯъҷизаҳои Қуръон» дар матбааи мавсум ба «Баҳманрӯд» бо теъдоди 3000 нусха ба табъ расида, дар ин моҳи мубораку шариф тӯҳфаи беҳтарини рамазонист.{jathumbnail off}