Иттиҳоди мусулмонӣ-демократӣ дар Олмон сабти ном шуд
Дар Олмон барои аввалин бор ҳизбе, ки дар номаш ибораи «мусулмонӣ» дорад таъсис ва барои ширкат дар интихоботи маҳаллӣ номнавис шуд.
Эрҳат Тоҳо, асосгузори ин ҳизб гуфтааст, дар интихоботи шаҳрии Саксонияи поёнии аз минтақи Оснобрюк ҳизбашро барои ширкат дар интихобот пешниҳод кардааст.Бино ба гуфти номбурда, дар Олмон ҳақи мусулмонон доим нақз ва мавқеашон танг карда мешавад. «Мо ҳама шаҳрвандони Олмон ҳастем, аммо моро аз рўи мансубияти мазҳабиамон тафриқа мегузоранд. Мо муқобили ин раванд талош меварзем. Ҳарчанд сарқонуни кишвар баробарии эътиқодро кафолат медхад, аммо дар ичрои умури диниамон мо ба мушкилиҳо, аз қабили забҳи чорво дар рўзи Иди Қурбон ва амсоли ин рӯбарӯ мешавем. Мо баробарии ҳамаи адён ва муколамаи онро тарғиб мекунем»,- гуфтааст сарвари хизби «Иттиҳоди мусулмонӣ- демократӣ» Эрҳат Тоҳо.
Бино ба гуфтаи ин сиёсатмадор истилоҳи «мусулмонӣ» дар номи ҳизб махсус гузошта шудааст. Дар аввал мардум моро он қадар қабул надоштанд, аммо баъди фаҳмонидани он ки вақте Ҳизби масеҳӣ- демократӣ қобили кабул буда, рафтораш ҳеч эътирозу шубҳаро ба бор намеорад, ҳизби мо ҳам аз он тафовуте надорад ва ҳақи фаъолиятро бояд дошат бошад, мо истиқболи мардумро эҳсос мекунем,- гуфтааст Эрҳат Тоҳо.{jathumbnail off}