Интиқоди Салимзода аз заминфурӯшӣ ва вазифагирии маҳкумшудаҳо
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҳисоботи солонаи худ аз нақзи қонуни истифодаи замин ва сӯистифодаи мансабдорони мақомоти маҳаллӣ аз боварии ҳукумати кишвар интиқод намудааст.
Тибқи иттилоияе, ки Додситонии кулли Тоҷикистон нашр кардааст, дар масъалаи замин дар соли гузашта 587 парвандаи ҷиноӣ оғоз ва 402 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Дар итилоия аз қавли Шерхон Салимзода омадааст, ки мансабдорони шаҳраку деҳот ва комиссияҳои ҷамъиятӣ ба ҷойи пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, худ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд: “Мисол, муовини якуми раиси ноҳияи Ғончӣ, дар як вақт раиси Комиссияи қонунигардонии молу мулк Ахмедов ғайриқонунӣ ба 167 нафар замини наздиҳавлигӣ тақсим намуда, дар 45 ҳолат заминҳои холиро ба номи шаҳрвандон ва хешу табораш, ки гӯиё дар онҳо иморат доранд, қонунӣ мегардонад.”
Ба гуфтаи Шерхон Салимзода, раисон ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятии тақсимоти замин ба рӯйхати эҳтиёҷмандон хешу табор, шинос ва ё шахсонеро, ки аз онҳо пул гирифтаанд, ғайриқонунӣ дохил менамоянд. Додситони кулл таъкид намудааст, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба зиммаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ вогузор шудааст, аммо пешгирию бартарафсозии қонуншиканиҳо дар маҳалҳо таҳти назорати воқеӣ қарор надоранд: “Ҳолатҳое ҳастанд, ки дар вазифаҳои масъули мақомоти заминсозӣ шахсоне кор мекунанд, ки чандин маротиба барои ҷиноятҳо дар соҳаи замин ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Чунончӣ С. Қосимов дар солҳои 2006 - 2012 чор бор барои ҷиноятҳои коррупсионӣ бо ҳукмҳои судӣ гунаҳкор дониста шуда бошад ҳам, боз бо фармони директори корхонаи “Марказ-замин”- и Кумитаи заминсозӣ аз 4 июни соли 2012 ба вазифаи директори корхонаи “Замини Роғун” таъйин мешавад.”
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, тайи соли 2013 ба 554 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, бинобар ғайриқонунӣ буданашон, эътироз оварда шуд, ки аз он 452 қарор оид ба замин мебошад: “Бе риояи талаботи қонунгузорӣ ҳолатҳои аз ҷониби судҳо эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар сохтмонҳои худсарона дар заминҳои ғайриқонунӣ ғасбшуда, то ҳол аз байн нарафтааст.”