Истиқболи собиқ мушовири Раҳмон аз лағви мақоми мушовирон
Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз лағви мансаби мушовирони президент ва табдилашон ба мақоми ёрдамчӣ истиқбол намуд.
Усмонов зимни шарҳи тағйироти ахири сохторӣ дар Дастгоҳи президент, ки бахши мушовирони давлатии президент ба бахши ёрдамчиёни раисиҷумҳур табдил дода шуд, гуфт, аз нигоҳи ман ин тағйироти мантиқӣ ҳаст: “Аз рӯзҳои аввали таъсиси идораи мушоварати раисиҷумҳур дар он ҷо будам ва дар дурустии он шубҳа доштам. Маълум кардан лозим буд, ки машварат даркор ба касе, ё ёрдам даркор аст. Аслан мушовирони давлатӣ бештар вазифаи ёрдамчии давлатиро иҷро мекарданд, барои ҳамин дар моҳият чизе тағйир намеёбад.”
Усмонов афзуд, ки то ҳол низ талошҳо барои такмили идораи мушоварати раисиҷумҳур буд: “Аввал мушовири давлатӣ буд, ки баробарҳуқуқи муовини сарвазир буд. Баъд як муддат мушовири давлатӣ- сардори раёсат шуд. Вақте мушовири давлатӣ -сардори управления гардид, ин яъне поёнтар аз муовини сарвазир ва дар тобеияти муовини сарвазир шуд. Баъд диданд, ки мувофиқат намекунад, дефисро аз байн гирифтанд ва танҳо мушовири давлатӣ монд.”
Иброҳим Усмонов дар шарҳи иддаояш, ки мақоми мушовир аз аввал номувофиқ буд, афзуд: “Фикр мекунам, дар аввал раҳматии Халифабобо Ҳамидов, ки аз саркардаҳои ташаккули сохтори давлатӣ дар соли 1994 буд, гумон дошт, ки системаи давлатдории Тоҷикистон, низоми давлатдории замони шуравиро идома медиҳад. Яъне мушовири давлатӣ бо президент кор мекунад, сарвазир бо ҳукумат. Агар ҳамин хел мебуд, мушовири давлатӣ баландтар аз сарвазир мавқеъ медошт ва он вақт мантиқан нигоҳ дошта мешуд. Аммо амалан ин хел нашуд, чун Сарқонуни Тоҷикистон мегӯяд, ки президент сарвари давлат ва сарвари ҳукумат аст. Маъно ҳамин аст, ки ҳам ҳукумат ва ҳам давлат ба як шахс тааллуқ дорад.”
Дар ҳамин ҳол Усмонов таъкид намуд, ки мушовири давлатӣ такрори муовини сарвазир аст ва тасмиме, ки ахиран гирифта шуд, аз ҳамин ҳолат халос кард: “Ҳақиқатан онҳо вазифаашон кӯмак кардан ба президент буд, ки ҳаминро ҳозир ёрдамчиҳо пеш мебаранд. Сардори давлат пеш аз ҳама ба ёрдамчӣ ниёз дорад. Ба сифати мушовир беҳтар аст, маҷлиси раёсати ҳукумат баромад кунад, зеро онҳо бештар машварат доданашон мумкин аст, магар ягон мушовир. Дар бисёр ҳолатҳо сардорони давлат мустақилона кор мекунанд. Вақте, ки мустақилона кор мекунанд, беҳтараш ёрдамчиҳо бошанд, то идораҳояшон ҳар сари вақт оид ба масоил гуногун матолиб тайёр кунанд ва раисиҷумҳур бинаду ба хулоса биёяд. Вақте, ки ёрдамчӣ таёр кард, маълум мешавад, ки вай ёрдам карда истодааст, онро сарвари давлат қабул мекунад ё не, ин гапи дигар. Вале машварат ин андак гапи дигар. Онро гӯш кардан даркор мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон чанде аз бахшҳои Дастгоҳи иҷроияи президентро барҳам дода ва чанд раёсати нав таъсис додааст.
Дар фармон омадааст, ки ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар гардад. Ҳамчунин, бахши мушовирони давлатии президент ба бахши ёрдамчиёни раисиҷумҳур табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони президенти Тоҷикистон, ёрдамчиёни президент ва сарвазири Тоҷикистон, ки дар котиботи президент ва котиботи сарвазир фаъолият менамоянд, барҳам дода мешаванд.