Баҳсҳои энержӣ дар мулоқоти Раҳмон бо муовини Путин
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Игор Шувалов, муовини аввали раиси ҳукумати Русия масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти энергетикаро ба баҳс гирифтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури кишвар, рӯзи 24 январ Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раиси ҳукумати Русияро, ки дар доираи як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин мулоқот, масоили ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитариро баррасӣ намудаанд.
Игор Шувалов аз рафти нишасти навбатии 12 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар дар Душанбе ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Игор Шувалов дар доираи як сафари расмӣ ба хотири иштирок дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия шоми 23 январ вориди Душанбе гардид. Ӯ дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва раисиҷумҳури кишвар дидор ва гуфтугӯ карда, масъалаи қарзи Барқи тоҷик аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳафтод дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳ дар дасти Русия ва сӣ дарсади он ҳаққи Тоҷикистон аст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)