Бузмаков дар бораи мошинҳои дуздӣ, Шаҳри бехатар, тобути муҳоҷирон ва Араловаҳо
Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, 27 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар мавзӯи мошинҳои дуздӣ, афзоиши экстремизм миёни ҷавонон, интиқоли ҷасади муҳоҷирон ва ҷаримабандиҳо дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” сӯҳбат кард.
Бузмаков гуфт, дар каламрави Точикистон 127 мошини дуздӣ ошкор шудааст, ки 57-тои он аз ҳудуди Олмон оварда шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин мошинҳо пеш аз вуруд ба Тоҷикистон аз қаламрави се кишвари дигар мегузаранд ва таъкид намуд, ки харидорони Тоҷикистон зимни хариди онҳо аз дуздӣ буданашон хабар надоранд. Ин аст, ки мақомоти додгоҳии Тоҷикистон 55 нафар соҳиби ин гуна автомобилҳоро харидорони поквиҷдон эътироф намуд, чунки онҳо ин моликиятро ба воситаи дасти сеюм ва чорум харидорӣ намудаанд.
Бузмаков, инчунин, ба ҷаримабандиҳо дар доираи тарҳи “Шаҳри бехатар” дахл карда, афзуд, аз ҳама ҷаримаи калон дар доираи ин лоиҳа 49 ҳазор сомонӣ аст, ки як ронанда дар пойтахт ҷарима шудааст. Дар баробари ин, ба иттилои ноиби вазир соли гузашта ба Тоҷикистон аз Русия 960 тобут оварда шудааст.
Дар мавриди муҳоҷирини афғон дар Тоҷикистон, Бузмаков гуфт, ки теъдодашон 6 ҳазор нафарро ташкил намудааст. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, соли гузашта 15 шаҳрванди афғон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт гардида буданд. Муовини аввали вазири умури дохилӣ инчунин аз афзоиши майли ҷавонон ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ интиқод намуд.
Ӯ дар бораи чорабиниҳо барои пайдо кардани хоҳарон Араловаҳо, ки моҳи марти соли гузашта бедарак шуда буданд, афзуд, айни ҳол амалиёт идома дорад ва аз ифшояшон ба далели сирри тафтишот худдорӣ кард. Ноиби вазир афзуд, дар маҷмуъ давоми соли гузашта дар Тоҷикистон 614 нафар бе дарак шудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)