Президенти ФИФА аз тасмими ФФТ истиқбол кардааст
Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол, дар чорчуби боздидаш аз Санкт-Петербурги Русия бо Хуршед Мирзоев, муовини аввали раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ин ниҳод мулоқот кардааст. Дар ин бора торнамои ФФТ хабар медиҳад.
“Хуршед Мирзоев дар ин мулоқот изҳор дошт, ки ФФТ аз мавқеъ ва тасмимҳои Блаттер барои рушди футбол дар тамоми ҷаҳон пуштибонӣ мекунад”,-хабар додааст манбаъ.
Зимни ин дидор рушди футболи кӯдакон наврасон дар Тоҷикистон ҳам баррасӣ шудааст. Йозеф Блаттер аз тасмими раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавриди соли футболи омма эълон кардани соли 2014 истиқбол кардааст. “Ин идеяи беҳтарин аст ва бартариҳои зиёд хоҳад дошт. Бидуни футболи оммавӣ элита намешавад. Бисёре аз ситораҳои футбол роҳи худро аз бозӣ бо тӯб дар кӯчаҳо оғоз кардаанд”, - гуфтааст Блаттер.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)