Коммунистони Хитой ба Душанбе ташриф меоранд
Ҳудуди 70 нафар аз аъзоёни ҳизби коммунистии Хитой таҳти роҳбарии Чжоу Юнкан, узви доимии Кумитаи бюрои сиёсии ҲКЧ рӯзи 21-уми август ба Душанбе меоянд.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, боздиди ҳайати коммунистони хитойӣ ба Тоҷикистон, ки то 23 август идома меёбад, бо даъвати ҲХДТ ҷараён мегирад. Номбуорда афзуд, зимни боздид аз Тоҷикистон коммунистони Чин бо президент, ҳамзамон раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдулоев ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд. Усмон Солеҳ гуфт, ҳайати чиноӣ аз Донишкадаи низомии Тоҷикистон, осорхонаи миллӣ ва дигар марказҳои фарҳангии кишварамон низ боздид мекунанд.
Интизор меравад, дар доираи сафари ҳайати коммунистони Чин ба Тоҷикистон дар Душанбе байни ҲҲДТ ва ҳизби коммунисти Чин созишномаи ҳамкории байниҳизбӣ ба имзо расад. Дар мавриди мулоқоти коммунистони хитойӣ бо коммунистони Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст. {jathumbnail off}