Боз 200 адад таҷҳизоти барқӣ-офтобӣ ба сокинон тақсим гардид
Вазорати энергетика ва саноат боз 200 адад таҷҳизоти барқӣ- офтобӣ ба сокинони минтақаҳои кӯҳистон тақдим кард.
Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин навбат 100 адад таҷҳизоти барқӣ- офтобӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоии ҷамоати деҳоти «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз ва 100 адади дигар ба шаҳри Норак ва як қатор деҳаҳои дигар, аз қабили Сари Камар, Мавлак, Олиҷагон, Санги Ҷувозак, Шаҳтут ва кӯчаи Яхпули Тутқавул дастрас гардид.
Лозим ба ёдоварист, чанде қабл таҷҳизоти барқӣ- офтобӣ ба дигар минтақаҳои кӯҳистони кишвар, аз қабили ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ, Балҷувон, Ховалинг, Норак ва ВМКБ дастрас гардида буд, ки шумораи умумии онҳо қариб 2 ҳазорро ташкил медиҳад. Чунин таҷҳизоти барқӣ- офтобӣ ба муносибати 20 -солагии истиқлолияти кишвар дар дираи ҳамкориҳо бо дигар ширкатҳои хориҷа ба Тоҷикистон ворид гардидаанд. {jathumbnail off}