«Регар-ТадАз ба зинаи аввал баромад
Баъди анҷоми даври 25-уми бозињои мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон тими «Регар-ТадАЗ» пешсаф аст.
Бино ба иттилои Али Шариф, сардори дафтари матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Манбаъ афзуд даври 25-уми чемпионати лигаи олии мамлакат ба анљом расид. Дар ин давр дастаи «Вахш» дар майдони худ «Гвардия»-ро бо ҳисоби 2:0 маѓлуб намуд. Тими «Хайр» бо «Парвоз» ќувваозмоӣ карда рақибашро 2:1 шикаст дод. Бозии «ССКА Помир» ва «Хуљанд» 5:1 хотима ёфт. «Шодмон» бо тими Энергетик вохӯрд ва бо њисоби 1:6 шикаст хӯрд. Тими «Регар-ТадАЗ» бошад, дастаи «Равшан»-ро бо њисоби 2:0 маѓлуб намуда, дар ин давр 3 имтиёзи дигарро соњиб шуд. Баъд аз анљоми даври 25-уми чемпионати лигаи олї дастаи «Регар-ТадАЗ» бо баргузории 22 дидор 51 имтиёз ба даст оварда, љои аввалро соҳиб шуд. «Равшан» 22 бозї анҷом дода, 50 хол гирифт ва дар зинаи дуюм аст. «Истиќлол» бо доир намудани 18 ќуваозмоӣ 46 имтиёз дорад ва дар маќоми 3-юм ќарор дорад. Ёдовар мешавем, то кунун 4 бозии дастаи «Истиќлол» мавќуф гузошта шудааст.{jathumbnail off}