Тавре ба хабаргузории «Озодагон» котиби матбуотии райиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва ба талаботҳои зиддисӯхторию беҳдоштӣ- санитарӣ мувофиқ намудани фаъолияти бозори «Сомон» дар асоси қарорҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии пойтахт ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе баҳри аз ҷониби маъмурияти бозор рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти он аз 13 майи соли 2011 то ислоҳи вазъ муваққатан манъ карда мешавад.
Вобаста ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини соҳаи шаҳрдорӣ дастур дод, ки дар ин муддат то ба фаъолият шурӯъ кардани бозор муваққатан соҳибкорони он дар бозори «Деҳқон» ё худ дигар бозорҳои коммуналии шаҳр ва «Гӯшаҳои деҳқон» бо ҷои кор таъмин карда шаванд.