Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол оғоз мегардад
Бозиҳои ҷоми ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва лигаи якуми футбол рўзи 24-уми августи соли ҷорӣ баргузор мегарданд.
Тибқи иттилои федератсияи футбол, дар бозиҳои ҷоми ҷумҳурии Тоҷикистон 10 дастаи лигаи якум ширкат меварзанд. Баъд аз қуръакашӣ дар ФФТ дастаҳои лигаи олӣ ва лигаи якум ҳарифони худро муайян карданд. Манбаъ афзуд, дастаи «Хуҷанд» бозии нахустинро бо «Ҳулбук»-и Восеъ баргузор менамояд, «Вахш»-и Қурғонтеппа бо «Пахтакор»-и Қубодиён қувваозмоӣ мекунад, «Гвардия»-и Душанбе бо «Сабо»-и Шаҳринав, «ССКА Помир»-и Душанбе бо «Данғара»-и Данғара, «Равшан»-и Кўлоб бо «Локоматив»-и Душанбе сабқат мекунанд. Ҳамин тариқ «Хайр» бо «Ситора», «Шодмон» бо «Зарафшон», «Регар ТадАз» бо «Ҳосилот», «Энергетик» бо дастаи «Ҷалолиддини Румӣ» ва «Парвоз» бо «Истаравшан» барои дарёфти ҷоми ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат хоҳанд кард.{jathumbnail off}